Дар бораи ширкат

ҶДММ «Ташкилоти суғуртаи «Такаффул» соли 2018 таъсис ёфта, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад. 

Кормандони ширкат дар фаъолияти суғурта ва ҳалли даъвоҳо таҷрибаи бой доранд. Мо суғуртаро аз рӯи 22 намуд, аз ҷумла суғуртаи нақлиёти автомобилӣ, суғуртаи амволи манқул ва ғайриманқул, масъулияти шаҳрвандӣ дар назди шахсони сеюм, суғуртаи шахсӣ – суғурта аз ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи тиббӣ, хавфҳои бонкӣ, хавфҳои ҳавоӣ, суғуртаи бор, суғуртаи сафар ва дигар намудҳои суғурта пешниҳод менамоем.

Ҳадафи мо - пешниҳоди қарорҳои инфиродӣ мебошад, ки ба ниезҳо ва буҷаи шумо мувофиқат мекунанд. Новобаста аз он ки ба шумо суғурта барои худ, оилаатон ё тиҷорати шумо лозим аст, мо омодаем ҳалли боэътимод ва сатҳи баланди хидматро пешниҳод кунем.

Намудҳои суғурта

Ширкат барои 22 номгӯи суғуртаи ихтиерӣ иҷозатнома дорад:

  1. Суғуртаи ихтиерии молу мулк; 
  2. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии маданию ҳуқуқӣ; 
  3. Суғуртаи ихтиерии воситаҳои нақлиети автомобилӣ; 
  4. Суғуртаи ихтиерии тиббии сайеҳон; 
  5. Суғуртаи ихтиерии ҳолатҳои нохуш ва беморӣ; 
  6. Суғуртаи ихтиерии молу мулки ба гарав гузошташуда; 
  7. Суғуртаи ихтиерии корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ; 
  8. Суғуртаи ихтиерии борҳо; 
  9. Суғуртаи ихтиерии бонкҳо аз ҷиноятҳои электронӣ ва компютерӣ; 
  10. Суғуртаи ихтиерии хавфҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ; 
  11. Суғуртаи ихтиерии маҷмӯи бонкҳо;
  12. Суғуртаи ихтиерии қарзҳо; 
  13. Суғуртаи ихтиерии зироатҳои кишоварзӣ; 
  14. Суғуртаи ихтиерии тиббӣ; 
  15. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии интиқолдиҳандаи бор (экспедитор, оператори анбор); 
  16. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии маданию ҳуқуқии корфармо; 
  17. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии маданию ҳуқуқии фурудгоҳҳо ва мақомоти идоракунии ҳаракат дар фазои ҳаво; 
  18. Суғуртаи ихтиерии нақлиети ҳавоӣ ва ҷавобгарии мадании мусофирбари ҳавоӣ; 
  19. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии касбӣ; 
  20. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии директорон ва роҳбарони дигари мақомоти иҷроия; 
  21. Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии мадании истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони мол, иҷрокунандагони корҳо (хизматрасониҳо); 
  22. Суғуртаи ихтиерии молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз зарар дар натиҷаи хавфҳои сиесӣ.

Вазифа

Вазифаи ҶДММ ташкилоти суғуртавии «Такаффул» аз он иборат аст, ки ба ҳар як муштарӣ хизматрасониҳои суғуртавии ҳамаҷониба, сифатнок ва дастрас пешниҳод намояд. Мо мекӯшем, ки интизориҳои мизоҷони худро қонеъ карда, пешвои боэътимод дар бозори суғурта боқӣ монем ва стандарти баланди хизматрасониро нигоҳ дорем.

Тафсилот

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд "Ташкилоти Суғуртавии "Такаффул"

Суроғаи ҳуқуқӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001 шаҳри Душанбе, кӯчаи Ахрори 140/1, ошенаи 2

Иҷозатномаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти суғуртавӣ ФС № 0000059, ки аз 03 октябри соли 2025 дода шудааст. 

Тафсилот: РМА: 640007845, Р/С 20202972500039960001 дар ҶСП  Бонки байналмилалии Тоҷикистон, БИК: 350101803.

E-mail: info@takafful.tj, Интернет: www.takafful.tj.

Рақами маркази тамос: (+992) 44-610-00-88; 98-144-00-88; 98-155-00-88 барои зангҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон.