Суғуртаи сафаркунандагон
Муҳофизати шумо дар дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон!
Саеҳат таассуроти дурахшон ва кашфиетҳои нав аст, аммо онҳо метавонанд ба мушкилоти ногаҳони оварда расонанд. Суғуртаи сайеҳон зз "Такаффул" ба шумо ва наздиконатон аз хатарҳои ғайричашмдошт дар хориҷа ҳимояи пурра медиҳад.
Намудҳои фарогирии суғуртавӣ:
- Хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, бистарӣ шудан дар беморхона, доруворӣ ва амалиёти ҷарроҳӣ дар хориҷи кишвар дар робита ба ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонӣ;
- Интиқол ба муассисаи тиббии ба таври зарурӣ муҷаҳҳазшуда / бозгардонидан ба ватан дар ҳолати ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонӣ (эвакуатсияи тиббӣ ва репатриатсия);
- Бозгардонидани ҷасад ба ватан;
- Хароҷоти расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар робита ба COVID-19 то ба эътидол омадани вазъи саломатӣ;
- Интиқол ба муассисаи тиббии ба таври зарурӣ муҷаҳҳазшуда / бозгардонидан ба ватан дар ҳолати бемории ногаҳонӣ бо COVID-19 (эвакуатсияи тиббӣ ва репатриатсия);
- Расонидани ёрии таъҷилии стоматологӣ дар хориҷи кишвар;
- Сафар кардани яке аз наздиктарин хешовандон барои дар назди шахси суғурташуда будан дар ҳолати ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонӣ (сафар бо сабабҳои башардӯстона);
- Иқомати яке аз наздиктарин хешовандон дар назди шахси суғурташуда дар ҳолати ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонӣ (сафар бо сабабҳои башардӯстона);
- Ҳамроҳӣ кардани кӯдаки ноболиғ дар ҳолати ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонии шахси суғурташуда;
- Корҳои наҷотдиҳӣ дар баҳр ва кӯҳҳо;
- Хизматрасониҳои кӯмакрасонӣ ҳангоми сафар;
- Фиристодани табиби тахассусӣ ба хориҷи кишвар;
- Роҳхат ба мутахассиси тиббии маҳаллӣ дар хориҷи кишвар / ташкили қабули бемор;
- Интиқоли паёмҳои фаврӣ;
- Бекор кардан ё пеш аз муҳлат қатъ намудани сафар;
- Таъхир дар оғози сафар ба хориҷи кишвар;
- Ҷубронпулӣ барои гум шудани бағоҷи ба қайд гирифташуда;
- Ҷубронпулӣ барои таъхир дар расидани бағоҷи ба қайд гирифташуда.
Ба ҳама гуна ногаҳонӣ омода бошед. Сафари худро бо "Такаффул" суғурта кунед ва дар ҳар як саёҳат аз бехатарӣ баҳра баред!
Барои ҳамаи саволҳои ба миёномада, лутфан ба рақами +992 98 155 00 88 муроҷиат намоед.
СВАН
ИМА/КАНАДА: +15144484417
ФАРОНСА/АВРУПО: +35722056115
БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ: +9619211662